TG Telegram Group Link
Channel: 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон
Back to Bottom
Русия метавонад лимити барқ дар Тоҷикистонро бартараф созад: Чӣ гуна?

Ҷониби Русия ҳавасмандияшро барои бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ бо иқтидори то 1 гигаватт баён дошта, афзудаст, ки ин нишондод барои 10 соли оянда ҳадди ниҳоӣ нест


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Манъи қонунии идгардак дар Тоҷикистон. Мардуму мақомот чӣ мегӯянд?

Дар ҳоле ки вокуниши мардум ба манъи “идгардак” дар Тоҷикистон яксон нест, дар Кумитаи дин ва Маҷлиси Намояндагон касе ҳозир нашуд сабабҳои ин тасмимро дар рӯ ба рӯйи дурбини Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Вазирони корҳои хориҷии ОМ дар Итолиё ҷамъ мешаванд

Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Рум ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё баргузор шавад.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Ҷамъбасти натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро ҷамъбаст карда, пешсафонро ном бурд


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Аз Масъуд то Пупал. Хонаҳои муҷаллали даҳ мақоми пешини Афғонистон дар Дубай

Номи даҳ ОCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта) маълум кардааст, ки ба камияш даҳ мансабдори пешини Афғонистон ва наздикони онҳо дар Дубай соҳиби дафтар ва хонаҳои муҷаллал ҳастанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Раҳмон зодрӯзи Тоқаевро шодбош гуфту ҳампаймониро таъкид кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар солгарди зодрӯзи президенти Қазоқистон ба соҳибҷашн занг заду аз саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар гуфт


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Ба “Нақши Рустам” ва “Тахти Ҷамшед” дар Эрон чӣ шуд?

Баъд аз нашри гузоришҳои пай дар пай дар бораи он ки бинои “Нақши Рустам” ва маҷмӯаи бостонии “Тахти Ҷамшед” дар Эрон ба сабаби беэътиноӣ ба муҳофизати он дар хатар аст, мақомот гуфтаанд, боронгариҳои зиёд сабаби осеб дидани биноҳои қадима шудаанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Лия Заурбековаро ба хориҷ аз Русия бурданд - намояндаи Шӯрои ҳуқуқи башар

Лия Заурбекова, як духтари чечентабори 19-сола, ки аз хонааш фирор карда буд, Русияро тарк кард.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Дастури Аҳмадзода барои рушди кирмакпарварӣ дар Суғд

Раиси Суғд дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти кирмакпарварон шинос шуда, хостори рушди ин бахши ояндадор гардид


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Таваҷҷуҳ ба тарҳҳои ҳамгироӣ дар ИИАО баланд арзёбӣ шуд

Ҷамъоварии дархостҳо барои озмуни лоиҳаҳои муштараки васеъмиқёси баландтехнологӣ ва башардӯстона "Рамзҳои ҳамгироии Авруосиё" анҷом ёфт


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Писари додситони пешини Узбекистон дар Дубай 4 коргоҳ доштааст

Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи амволи Алишер Қодиров, писари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров дар шаҳри Дубай ошкор кардаанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Ба хешони туркманҳое, ки дар Туркия ғайриқонунӣ қарор доранд, виза намедиҳанд

Бархе аз сокинони вилояти Лебапи Туркманистон шикоят мекунанд, ки ба далели будубоши ғайриқонунии хешовандонашон дар Туркия наметавонанд раводид ё визаи ин кишварро дарёфт кунанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Украина 20 ҳавопаймои бесарнишини Русияро задааст

Артиши Украина рӯзи 17-уми май гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар шаби гузашта 20 ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун карданд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Нияти гирифтани Харков ҳозир нест: Путин вазъ ва дурнамои Украинаро шарҳ дод

Масъулияти ҳодисаҳо дар самти Харков ба дӯши нерӯҳои Украина аст, чун маркази шаҳрро ҳадаф қарор медиҳанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Фурсат аз даст рафт: Фалокати нав ба ҷаҳон таҳдид мекунад

Дар Австралия ва ИМА хушксолӣ, дар Аврупои Ғарбӣ боришоти зиёд ба амал омад. Дар Русия мавсими кишт аз сабаби хунукӣ ва хушкии ҳаво ба таъхир андохта шуд. Ин офатҳо ба амнияти озуқаворӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд, - дар маводи РИА Новости.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Таҳрим барои ёрӣ дар интиқоли силоҳ аз Куриёи Шимолӣ ба Русия

Амрико барои мусоидат дар хариду фурӯши силоҳ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ ба зидди ду шаҳрванди Русия ва се ширкати русӣ таҳрим ҷорӣ кард.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Маоши баландро дар Тоҷикистон киҳо мегиранд?

Маоши аз ҳама зиёдро дар Тоҷикистон кормандони бахши хадамот, аз ҷумла низоми молия ва суғурта мегиранд, ки беш аз 5,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Санҷиши дониши муҳоҷирон дар РУДН чӣ гуна мегузарад? - видео

Раёсати Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия таъкид кард, ки санҷиши забондонии муҳоҷирон зери назари дурбинҳо сурат гирифта, 80%-ашон бо муваффақият онро месупоранд


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
КДАМ: Сафарҳо ба манотиқи марзии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд

Марзбонҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостаанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Кетрин Патз: "Воқеаҳои ду сол пеши Бадахшон таъсири амиқ гузоштаанд"

Аз ҳодисаҳои хунин дар Хоруғ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол гузашт. Ҳодисае, ки рӯзи 16-уми майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва истеъфои раисони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ сар шуд ва бо марги 34 нафар поён ёфт.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
HTML Embed Code:
2024/05/17 21:52:42
Back to Top